Презентация, доклад на тему Кашфиётхои бузурги географи дар охири асри 14 ибтидои асри 15

Сарсухан 1.Кашфиётхои бузурги чахони 2.Шахсиятхо бузурги чахони 3. Христофол Колуб 4.Америго Виспучи

Слайд 1Кашфиётҳои Бузурги Ҷуғрофӣ

Кашфиётҳои Бузурги  Ҷуғрофӣ

Слайд 2Сарсухан 1.Кашфиётхои бузурги чахони 2.Шахсиятхо бузурги чахони 3. Христофол Колуб 4.Америго Виспучи

Сарсухан  1.Кашфиётхои бузурги чахони 2.Шахсиятхо бузурги чахони 3. Христофол Колуб 4.Америго Виспучи

Слайд 3Сабабҳои кашфиётҳои Бузурги Ҷуғрофӣ
Давраи Эҳё ва оғози муносибатҳои сармоядорӣ ба

пешрафти тиҷорати аврупоиё такони бузург дод. Тоҷирони аврупоӣ ба тиҷорати дохилӣ қаноат накарда, ба мамлакатҳои хориҷа рӯ оварданд.Аз давлатҳои Шарқ диққати онҳоро пеш аз ҳама Ҳиндустони афсонавӣ ҷалб намуда буд. Онҳо гумон доштанд, ки дар Ҳиндустон соҳиби тиллою нуқра ва Чин мешаванд, аммо кайҳо боз арабҳо онҳоро ихтиёрдорӣ мекарданд. Онҳо молҳои аз мамлакатҳои Шарқ бо нархи арзон харидаашонро ба тоҷирони итолиёвӣ бо нархи гарон фурӯхта. Даромади калон ба даст медароварданд.
Аз тарафи арабҳо ва туркҳо бастани роҳҳои тиҷорати аврупоиён королҳои давлатҳои феоодалии мутараққии Аврупо маҷбур сохт, ки роҳҳои дигари ба Ҳиндустон рафтани тоҷиронро ҷустуҷӯ намоянд. Барои ба Ҳиндустон рафтан лозим меомад, ки Африқоро давр зада, ба уқёнуси Ҳинд бароянд ва ё ки ба самти Ғарб ҳаракат карда, ба Ҳиндустон аз Шарқи дур дохил шаванд.Пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ дар давлатҳои Аврупо бозори фурӯши мол ва сарчашмаҳои ашёи хомро тақозо мекарданд.Ин ҳолат ҷустуҷӯи роҳҳои нави ба Ҳиндустон рафту омад кардани тоҷиронро боз ҳам заруртару таърихнопазир мегардонид.
Сабабҳои кашфиётҳои Бузурги Ҷуғрофӣ Давраи Эҳё ва оғози муносибатҳои сармоядорӣ ба пешрафти тиҷорати аврупоиё такони бузург дод.

Слайд 4Сафари Христофор Колумб
Бо сардории Христофор Колумб тобистони соли 1492 се киштии

начандон калон бо 90 нафар баҳранавардон аз Испониё ба роҳ баромаданд. Боди мурод киштиҳоро бо суръати том ба тарафи ҷанубу ғарби Атлантика ҳаракат мекунонид. Ҳафтаҳо паи ҳам мегузаштанд, лекин аз пеш хушкие намебаромад. Мисли пештара дар пеш уқёнуси нопайдоканору ношинос ба назар мерасид.Баъзе баҳранавардон ноумед, шуда ба Колумб таклиф пешниҳад мекарданд, ки ба хона баргарданд.Сафари назар аз ин Колумб нияти ба қафо баргаштанро надошт ва бо қатъияти ба худ хос киштиҳоро ба пеш ҳаракат мекунонид.Ниҳоят, баъди 70 рӯзи сафар аз дур хушкие намудор гардид. Баҳранаварде, ки дар манора навбатдор буд, он хушкиро дида бо овози балнд”Замин!”-гуфта, дод зад.Киштиҳои Колумб ба ҷазирачае наздик шуда, лангар партофтанд.Колумб парчами Испониёро дар соҳил барафрохта, ин ҷазираро мулки короли Португалия эълон намуд.Саёҳон дар талоши пайдо намудани тилло буданд.Бо ҳамин мақсад Колумб аз ин ҷо ба сӯи ҷануб роҳ паймуд ва дере нагузашта ҷазираҳои хеле калони Куба ва Гаитаро кашф кард.Христофор Колумб то ҳозири ҳаёташ намедонист, ки қитъаи навро кашф кардааст.Ӯ сарзамини кашфкардаашро “Ҳиндустон” ва аҳолияшро “ҳинду” номид. Ҳамин тариқ, Аврупоиҳо аҳолии муқимии Америкаро аз он вақт сар карда “ҳинду” меномиданд.
Сафари Христофор КолумбБо сардории Христофор Колумб тобистони соли 1492 се киштии начандон калон бо 90 нафар баҳранавардон

Слайд 5Санта-Мария
Ниня
Пинта

Санта-МарияНиняПинта

Слайд 6Киштиҳои Колумб ба ҷазирачае наздик шуда, лангар партофтанд.Колумб парчами Испониёро дар

соҳил барафрохта, ин ҷазираро мулки короли Португалия эълон намуд.
Киштиҳои Колумб ба ҷазирачае наздик шуда, лангар партофтанд.Колумб парчами Испониёро дар соҳил барафрохта, ин ҷазираро мулки короли

Слайд 7Сафари Америго Веспуччи
Баъд аз сафари Колумб, зодаи Флоренсия Америго Веспуччи соли 1502

ба Ғарб сафар карда, соҳилҳои шимолу шарқи Америкаро ҳаматарафа тадқиқ намуда онро, “Замини Нав” номид.Соли 1507 Америго Веспуччи дар бораи саёҳати баҳрии худ маҷмӯаи ҳикоятҳояшро чоп мекунад. Ин китоб дар Аврупо хонандагони зиёд пайдо намуда, машҳур мешавад. Аз соли 1507 сар карда ҷуғрофияҳои аврупоӣ дар харитаҳояшон қитъаи нав кашфкардаро “ Заминҳои Америго“меномиданд. Минбаъд ҷуғрофҳо барои Америгоро чун ибораҳои “Европа”, “Азия” ва “Африка” дуруст талаффуз кардан дар вожаи “Америго” ду ҳарфи охиринро бо “-ка” иваз менамоянд,ки дар натиҷа ибораи “Америка” пайдо мешавад. Ҳамин тариқ, қитъаи нав “Америка” ном мегирад.

1454-1512

Сафари Америго Веспуччи	 Баъд аз сафари Колумб, зодаи Флоренсия Америго Веспуччи соли 1502 ба Ғарб сафар карда,

Слайд 8Саёҳати Васко да Гама
Короли Португалия яке аз манфиатдорони асосии кашфи роҳи

Ҳиндустон буд. Ӯ соли 1497 бо сардории Васко да Гама экспидитсия нав ташкил намуд. Киштиҳои ӯ баҳранавардони ботаҷриба доштанд ва барои шинокунии дарозмуддат бо харита ва дигар таҳҷизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буданд. Баъди чору ним моҳ португалиҳо Африқоро давр зада. Аввалин шуда ба соҳилҳои шарқии он рафта расиданд. Бӯрони шадид муқобили ҷараён шинонкунии киштиҳоро мушкил мегардонид. Баҳранаврдон аз гармии сӯзони офтоб азоб мекашиданд. Бисёрии онҳо аз касалӣ вафот кардаанд. Аз 168 нафар танҳо 55 нафар зинда мондаанд. Ӯ киштиҳои португалиҳоро аз уқёнуси Ҳинд гузаронида, то соҳилҳои Ҳиндустон расонид. Моҳи майи соли 1498 киштиҳои португалӣ дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон лангар партофтаанд. Васко да Гама ба баҳрнавардон амр кард, ки ба соҳил баромада, доруворӣ харанд. Лекин роҷаи Калкутта португалиҳои ба соҳил фаромадаро ҳабс кардаанд. Ҷавобан ба ин Васко да Гама якчанд ҳиндуи ашрофе, ки киштиҳоро тамошо мекарданд, дастгир намуд. Он гоҳ роҷа маҳбусонро озод карда, барои халос кардани ҳиндуҳо заврақ фиристод. Вале Васко да Гама ин заврақҳоро бо лулубаробаркӯн, аз тариқи тӯпҳо “пешвоз” гирифта, аз баргардонидани асирон саркашӣ мекунад.Баъди чанде португалиҳо киштиҳоро аз дорувроӣ пур карда,ба ватан баргаштанд.

1460(1469)-1524

Саёҳати Васко да ГамаКороли Португалия яке аз манфиатдорони асосии кашфи роҳи Ҳиндустон буд. Ӯ соли 1497 бо

Слайд 9Саёҳати давродаври олам
Саёҳати Фернан Магеллан низ дар таърихи саёҳати ҷурофӣ аҳамияти

бузург дошт. 20 сентябри соли 1519 панҷ киштии Магеллан аз бандари Сан Лукари Испониё ба самти ҷанубу ғарбӣ ба ҷустуҷӯи “ҷазираҳои доруворӣ”, яъне ҷазираҳои Молук баромад. Саёҳати Магеллан аз соли 1519 то соли 1522 давом кард ва аввалин саёҳати давродаври олам буд. Ӯ дар натиҷаи ин сафар як қатор кашфиётҳои бузург кард. Аз он ҷумла, гулӯгоҳи Магелан ва Оташзаминро дар Америка Ҷанубӣ , ҷазираҳои Филиппин ва галаҷазираҳои Зондро кашф намуд. Мақсади Магеллан ба уқёнуси Ҳинд ва ҷазираҳои он расидан буд. Магеллан ҳангоми саёҳат дар яке аз бархӯрдҳои мусаллаҳона бо халқҳои маҳалли Филипин ҳалоқ мегардад. Аъзоёни зиндамондаи экспидитсияи ӯ дар як кишти ба Испониё баргаштанд. Аз 265 нафар танҳо 18 нафарашон ҷон ба саломат баргаштанд. Саёҳати Магеллан нишон дод, ки Замин дар ҳақиқат гирдшакл аст.

Саёҳати давродаври оламСаёҳати Фернан Магеллан низ дар таърихи саёҳати ҷурофӣ аҳамияти бузург дошт. 20 сентябри соли 1519

Слайд 10Виктория
Сан-Антонио
Тринидад
Сантяго
Консепсон

ВикторияСан-АнтониоТринидадСантягоКонсепсон

Слайд 111450-1500
Сафари Барталомеу Диаш
Соли 1486 экспидитсия португалӣ, ки он Бартоломео Диаш сардорӣ

мекард, соҳилҳои ҷанубии Африқоро давр зада,ба уқёнуси Ҳинд ворид шуд. Вале баҳранавардон, ки ба сабаби муддати чандин моҳ роҳи пурмашаққати дуру дарозро тай кардаан беҳолу бемадор шуда буданд, аз давом додани сафар ба Ҳиндустон даст кашида ба ватан баргаштанд.

1450-1500Сафари Барталомеу ДиашСоли 1486 экспидитсия португалӣ, ки он Бартоломео Диаш сардорӣ мекард, соҳилҳои ҷанубии Африқоро давр зада,ба

Слайд 12Саволҳо

1. Христофор Колумб кадом ҷазираҳоро кашф карда буд?
2. Христофор Колумб бо

чанд кишти ба сафар рафта буд ва номҳои онҳоро номбар кунед.
3. Соли чанд Америго Веспуччи дар бораи саёҳати баҳрии худ маҷмӯаи ҳикоятҳояшро чоп мекунад?
4.Соли чанд киштиҳои Васко да Гама ба Калкуттаи Ҳиндустон лангар партофтаанд?
5.Соли чанд Фернан Магеллан ба сафар баромад ва бо чанд кишти(номҳои киштиҳоро номбар кунед)?
Саволҳо1. Христофор Колумб кадом ҷазираҳоро кашф карда буд?2. Христофор Колумб бо чанд кишти ба сафар рафта буд

Слайд 13 .
Раҳмат барои диққат!

. Раҳмат барои диққат!

Что такое shareslide.ru?

Это сайт презентаций, где можно хранить и обмениваться своими презентациями, докладами, проектами, шаблонами в формате PowerPoint с другими пользователями. Мы помогаем школьникам, студентам, учителям, преподавателям хранить и обмениваться учебными материалами.


Для правообладателей

Яндекс.Метрика

Обратная связь

Email: Нажмите что бы посмотреть