Презентация, доклад : по истории на тему Мексика дар солхои 1918- 1939 (11класс)

Мавзўъ: МЕКСИКА дар солњои 1918—1939 1. Хотимаи инќилоби солњои 1910—19172. Мексика дар солњои 20-уми асри XX3. Мексика дар солњои Рукуди бузург. Сиёсати президент Карденас

Слайд 1


Слайд 2 Мавзўъ: МЕКСИКА дар солњои 1918—1939
1. Хотимаи инќилоби солњои 1910—1917
2.

Мексика дар солњои 20-уми асри XX

3. Мексика дар солњои Рукуди бузург.
Сиёсати президент Карденас

Мавзўъ: МЕКСИКА дар солњои 1918—1939   1. Хотимаи инќилоби солњои 1910—19172. Мексика дар солњои 20-уми

Слайд 31. Хотимаи инќилоби солњои 1910—1917
Дар оѓози соли 1917 инќилоби буржуазї-демократии солњои

1910—1917, ки муќобили низоми нимфеодалии помешикон ва империализми хориљї равона шуда буд, хотима ёфт. Буржазияи миллї ба њокимият расид. 31 январи соли 1917 Маљлиси муассисон конститутси Мексикаро ќабул намуд. Њамчунин бо пешнињоди роњбарони армияи дењќонон Эмилиано Сапати ва Панчо Вили дар хусуси масъалаи агарї ќонун ќабул карда шуда, мувофиќи он ба дењќон додани замин баррасї шуд.

Ба давлат њуќуќи миллї кардани замин дода шуд. Калисо, ки тарафдори ќуввањои зиддиинќилобї буд, аз њуќуќи доштани моликият мањрум ва таълимоти динї дар мактабњо манъ карда шуд. Конститутсия комёбињои иљтимоии коргарон: рўзи кори 8-соата, принсипи музди барорбари кори якхела новобаста аз љинс ва миллат, њуќуќи таъсиси иттифоќњои касаба аз тарафи коргарон ва ѓайраро эътироф кард. Конститутсияи Мексика яке аз демократитарин конститутсињои њамон замон мањсуб мешуд.

Лекин њукумати президент Венустиано Карранси дигаргунињои аграриро амалї кардан нахост. Ќушунњои њукумати ба мукобили отрядњои дењќонии Сапати ва Вили муборизаро оѓоз карданд. Бањори соли 1919 Сапати кушта шуда, отрядњои ў пароканда карда шуданд.
1. Хотимаи инќилоби солњои 1910—1917Дар оѓози соли 1917 инќилоби буржуазї-демократии солњои 1910—1917, ки муќобили низоми нимфеодалии помешикон

Слайд 4Соњибкорон кушиш мекарданд ислоњоти конститутсионии иљтимої амалї карда нашавад. Норозигии халќ

аз натиљањои инќилоб, љанги шањрванї ва интервенсияи хориљї заминаи зиддиятњои дохилї шуд. Зери таъсири Инќилоби Октябр гуруњи љавонон, коргарон роњњои барќарорсозии тартиботи нави иљтимоиро љустуљў менамуданд.
Моњи сентябри соли 1919 хизби коммунистии Мексика таъсис ёфт. Миёни коргарон бештар Конфедератсияи минтаќавии коргарї, ки моњи маи соли 1918 таъсис ёфта буд, обрў дошт. Роњбарияти он мавќеи ислоњотчигиро пеш гирифта буданд.
Яке аз фаъолони инќилоби солњои 1910-1917 генерал Алваро Обрегон президентро барои амалї накардани идеяњои инќилоб гунањгор дониста, соли 1919 њизби коргарии Мексикаро созмон дод. Ва моњи маи соли 1920 Обрегон такя ба Конфедератсияи минтаќавии коргарї намуда, табаддулоти давлаї баргузор намуд, ки дар ваќти табаддулот президент Каранси кушта шуд. Ва дар интихоботи президентї Обрегон ѓалаба намуд.
Обрегон низоми «каудилизми инќилобї» (каудило-доњї (калимаи испанї) барќарор намуда, тамоми њокимиятро ба дасти худ гирифт. Аксар вазифањои давлатиро намояндагони буржуазияи миёна соњиб шуданд.
Соњибкорон кушиш мекарданд ислоњоти конститутсионии иљтимої амалї карда нашавад. Норозигии халќ аз натиљањои инќилоб, љанги шањрванї ва

Слайд 5Обрегон баробарии байни мењнат ва капиталро эълон карда, бо маќсади пешгирии

њаракатњои дењќонї гузаронидани ислоњоти аграриро тезонид. Дар солњои 1921 —1923 ба дењќонон зиёда аз 600 њазор гектар замин дода шуд. Дар як ваќт Обрегон барои пахши дархурдњои синфии шањру дењот ќувва њам истифода мекард.
Манфиатњои миллиро эътироф намуда, барои баргардонидани моликияти америкоињое, ки дар рафти инќилоб заминњояшонро дар Мексика аз даст дода буданд, зид баромад. Лекин барои пардохтани маблаѓи моликияти ширкатњои хориљие, ки то 1 маи соли 1917 вуљуд доштанд, розигї дод. Бо чунин шартњо Ќасри Сафед моњи августи соли 1923 њукумати Обрегонро эътироф кард. Пас аз ИМА дигар давлатњои империалистї ба ѓайр аз Британия Кабир њукумати Обрегонро эътироф карданд.
Дар охири соли 1923 — ибтидои 1924 вазъи иќтисодии Мексика бењтар гардид.
Ислоњоти гузаронидаи њукумат боиси инкишофи иќтисодиёти миллї шуд. Лекин вазъи сиёсии кишвар ноустувор буд. Муќобили сиёсати Обрегон ќуввањои иртиљої бо сарварии заминдорон, буржуазияи калон, калисо бархостанд. Отрядњои «гвардиячиёни сафед», ки помешикон таъсис дода буданд, барои гузаронидани ислоњоти аграрї монеа мешуд. Моњи июли соли 1923 доњии дењќонон Панчо Вили кушта шуд.
Дар охири соли 1923 — ибтидои соли 1924 ќушунњои њукуматї исёнњои зиддиинќилобиро пурра пахш намуд.
Обрегон баробарии байни мењнат ва капиталро эълон карда, бо маќсади пешгирии њаракатњои дењќонї гузаронидани ислоњоти аграриро тезонид.

Слайд 62. Мексика дар солњои 20-уми асри XX
Дар интихоботи президентии тобистони

соли 1924 номзади њукуматї Плутарко Элиас Калес, ки худро «сотсиалист» ва «тарафдори коргару дењќон» медонист ѓалаба кард.
Роњбари нави «каудилизми инќилобї» сиёсати Обрегонро идома дода, барои густариши капитализм кўшиш мекард. Дар соли 1928 ба дењќонон 3,2 млн. га замин таќсим карда шуда, заминњои нав коркард шуданд. «Ќонун дар хусуси нефт», ки моњи декабри соли 1925 ќабул карда шуд, њуќуќи хориљиёнеро, ки то 1 маи соли 1917 соњиби ширкатњои нефти Мексика буданд, барои истифодаи боигарињои нефти Мексика ба муддати то 50 сол эътироф кард.
Дар соњаи сиёсати хориљї њукуматњои Обрегон ва Калес ба манфиатњои миллии Мексика фаъолият мекарданд. Моњи августи соли 1924 Мексика яке аз аввалин давлатњои Америкаи Лотинї буд, ки бо СССР муносибатњои дипломатї барќарор намуд.
Буржуазияи миллї новобаста аз он, ки дар сари њокимият буд, натавонист, ки наќши асосиро дар иќтисодиёт бозад. Бисёр соњањои санат-кўњи, нефт дар зери назорати сармояи хориљї ќарор доштанд. Сармояи ИМА аз соли 1913 то соли 1929 ду маротиба афзуд.
Америкоињо дар миёнаи солњои 20-ум 1/8 ќисми заминњои Мексикаро дар даст доштанд. Империализми Америка кўшиш мекард, ки мањдудияти воридшавии сармояи хориљиро дар Мексика кам намояд ва талаб намуд, ки конститутсияи соли 1917 ба талаботи ИМА мувофиќ карда шавад.
2. Мексика дар солњои 20-уми асри XX Дар интихоботи президентии тобистони соли 1924 номзади њукуматї Плутарко Элиас

Слайд 7Муќобили њукумати Калеса иртиљоъи феодалї бархост. Ваќте, ки моњи июли соли

1926 дар асоси конститутсия њукумат дар хусуси манъи фаъолияти сиёсии рўњониён, манъи доштани моликияти калисо ќарор баровард, пешвоёни калисои католикї бо бањонаи њимояи дин барои забти њокимият тайёрї диданд. Бо ташаббуси Лигаи њимояи озодињои динї –католикњо бойкот эълон карданд. Танњо молњои аввалияро хардорї мекарданд, наќлиётро истифода намекарданд, ба театр, кино ва мактаб намерафтанд. Моњи январи соли 1927 исёни рўњониён бо шиори «Вива Кристо Рей» (Зинда бод Христос) оѓоз шуд. Дењќонон, коргарон ба муќобили исёнгарони «Кристерос» бархостанд.
Америка ба исёнгарон пинњонї ёрї расонд. Лекин Америка аз хавфи љанги миллї-озодихоњии зиддиимпериалистї ба Мексика интервенция ташкил накард. Фишори Америка боиси он шуд, ки Суди олии Мексика конуни нефти соли 1925-ро ѓайриконститутсионї эълон кард. Акнун америкоињо метавонистанд бе мўњлат боигарињои нефти Мексикаро истифода баранд. Лекин нефт њамчун боигарии миллї дониста мешуд. Ин баромадан аз принсипи «каудилизми инќилобї» буд.
Муќобили њукумати Калеса иртиљоъи феодалї бархост. Ваќте, ки моњи июли соли 1926 дар асоси конститутсия њукумат дар

Слайд 8Дар интихоботи президентии моњи июли соли 1928 Обрегон аз сари нав

президент шуда, ваъда дод, ки ислоњоти аграрї гузаронида ањволи дењќононро бењ месозад. Лекин пас аз ду њафтаи президент интихобшудан Обрегон аз тарафаи фанатики католик кушта шуд. Марги Обрегон зарбаи охирин ба низоми «каудилизми инќилобї» буд.
Моњи сентябри соли 1928 президенти муваќќатї Эмилио Портес Хил интихоб шуд. Рўњониён диданд, ки тариќи исён забти њокимият номумкин аст, бо президент роњи сулњро пеш гирифтанд.
Охирин кўшиши иртиљоъ барои сарнагунсозии њокимият моњњои апрел-марти соли 1929 «исёни 44 генерал» буд, ки дар он 18 њазор сарбозу афсар ширкат кард.
Исён дар тамоми ќисматњои шимолу ѓарбии кишвар пањн шуд. Вазъияти њукумат ногувор шуд. Барои пахши шўриш отрядњои партизанї, ки аз дењќонон ва коргарон иборат буд, наќши калон гузошт. Баъзе гуруњњои дењќононро коммунистон сарварї мекарданд. Ќушунњои њукуматиро, ки Калес роњбарї мекард, отрядњои партизаниро бо мањорат истифода карда исёнро пахш кард. Ваќте, ки хавф бартараф карда шуд, њукумати Портес Хил отрядњои дењќононро пароканда намуда, моњи июни соли 1929 фаъолияти њизби коммунистро манъ кард. Аксари коммунистон њабс карда шуданд.
Калисо ва давлат созиш карданд. Дар мактабњо таълими дин ба роњ монда шуд.Бо ташаббуси Калес њизби миллї-инќилобї таъсис ёфт, ки буржуазия, помещиконро дар бар мегирифт.
Дар интихоботи президентии моњи июли соли 1928 Обрегон аз сари нав президент шуда, ваъда дод, ки ислоњоти

Слайд 93. Мексика дар солњои Рукуди бузург. Сиёсати президент Карденас
Рукуди бузург

(1929-1933) ба иќтисодиёти Мексика таъсири љиддї расонд. Мањсулоти содиротї аз ќабили — нуќра, тилло, мис ва ѓайра кам шуд. Бўњрон дигар соњањои саноат – саноати бофандагї ва хољагии ќишлоќро низ фаро гирифт. Аксарияти фабрикањо, ки ба буржуазияи миллї таалуќ доштанд, баста шуданд. Шумораи бекорон дар соли 1932 1 млн. нафарро ташкил медод. Арзон шудани мањсулоти хољагии ќишлоќ боиси кам шудани истењсоли он гардид. Дар соли 1930 амалан ислоњоти аграрї ќать шуд. Содироти ќанд, банан ва дигар мањсулотњо, ки ба ширкатњои хориљї таалуќ дошт, манъ карда шуд.
Соли 1930 бо фишори ИМА Мексика муносибатњои дипоматиро бо СССР ќатъ кард. Сиёсати Калес норозигии буржуазияи майда миёна ва хурдро ба миён овард. Сармояи хориљї бештар ба иќтисодиёти Мексика сар медаровард.
Зери фишори омма њукумат дар соли 1933 ислоњоти аграриро идома дод. Дар солњои бўњрон њаракатњои коргарону дењќонон идома ёфт. Лекин онњо ба таври стихиявї ба миён омада, роњбар ва наќшаи муайян надоштанд. Бо ин сабаб аз тарафи њукумат пахш карда мешуданд.
Дар интихоботи президентии моњи июли соли 1934 яке аз фаъоли инќилоби солњои 1910—1917, губерна­тори штати Мичоакан генерал Ласаро Карденас ѓалаба кард. Оѓози фаъолияти президентии Карденас ба давраи инкишофи иќтисодиёти Мексика рост омад. Мексика аз бўњрон рањо ёфт.

3. Мексика дар солњои Рукуди бузург.  Сиёсати президент Карденас Рукуди бузург (1929-1933) ба иќтисодиёти Мексика таъсири

Слайд 10Калес, ки дар арафаи интихобот Карденасро дастгирї карда буд, умед дошт,

ки Карденас ба ў итоат мекунад ва муќобили њаракатњои коргарї чорањои ќатъї меандешад. Лекин баръакс, Карденас озодињои демкоратиро барќарор намуд. Ва дар аксар задухурдњои мењнатї тарафи коргаронро мегирифт. Ваќте, ки Калес муќобили Карденас баромад, дењќонон ва коргарон Карденасро њимоя карда, эълон карданд, ки Калес душмани халќи Мексика аст. Калес кўшиш кард, дар миёнаи соли 1935 тариќи суиќасд Карденасро аз њокимият сарнагун кунад. Лекин Карденас пеши роњи онро гирифта, тарафдорони Калесро аз њокимият ронад ва худи ўро ба ИМА фиристод.
Дар кишвар њафтаи кори 40 соата муќаррар карда шуд. Аксари корхонањое, ки ба сармояи хориљї таалуќ дошт, ба кооперативњо табдил дода шуд. Роњњои оњан, ки аксари он дар зери назорати хориљиён буд, ба иттифоќњои касабаи роњиоњанчиён дода шуд. Ќадами бузурги њукумати Карденас миликунии саноати нефт буд. Саноати нефти Мексика ба сармояи хориљии Англия ва Америка тааллуќ дошт. Дар љавоб ба ин ИМА муќобили Мексика санкцияи иќтисодї истифода карда, харидории нуќраи Мексикаро ќатъ кард.
Дар навбати худ њукумати Британияи Кабир эълон дошт, ки њамаи кишварњои империяи Британия бо Мексика савдоро ќатъ намоянд. Ба Англия ва Америка дигар кишварњои Аврупо њамроњ шуданд.
Дар давраи президентии Карденас заминњои ба хориљиён таалуќдошта кашида гирифта шуда, заминдории калон барњам дода шуд.
Калес, ки дар арафаи интихобот Карденасро дастгирї карда буд, умед дошт, ки Карденас ба ў итоат мекунад

Слайд 11Гарчанде, ки заминдории помещики пурра бархам зада нашуда бошад њам, зиёда

аз 18 млн. га замин ба 1 млн. дењќон таќсим карда шуд. Ба помешикон 80 млн. га замин таалуќ дошт. Новобаста ба ин зиёда аз 2 млн. дењќон замин надошт.
Сиёсати Карденас ба манфиати буржузаи миллї нигаронида шуда бошад њам, ба капитализм замина гузошта натавонист. Ислоњоти солњои 1934—1940 хислати прогрессивї дошта, ба манфиатњои миллии кишвар мутобиќ буда, мустаќилиятро таъмин ва густариши сиёсати мустаќили хориљии Мексаро танзим мекард.
Мексика аввалин аз кишварњои Америкаи Лотинї буд, ки њукумати љумњурихоњони Испанияро тарафдорї карда, ба онњо яроќ аслиња фиристода, ба аксари гурўњои зиддифашистии Испания паноњгоњи сиёсї дод. Њукумати Карденас дар муносибат бо Америка ва Британияи Кабир дар масъалаи милликунии саноати нефт нозукона рафтор намуда, бо СССР равобити дипломатї барќарор накард.
Сиёсати њукумати Карденас шароитро барои муттањид кардани ќуввањои демократї муњайё намуд. Њизби коммунист њукумати Карденасро њамчун њукумати иттифоќи миллї-ислоњотї бањо дода буд.
Лекин ќуввањои иртиљої муќобили њукуматї Карденас мубориза мебурданд. Ин ќуввањо бањори соли 1938 тариќи исёни њарбї, ки монополияњои ИМА ва Британияи Кабир дастгирї мекарданд, хостанд њукумати Карденасро сарнагун намоянд.
Гарчанде, ки заминдории помещики пурра бархам зада нашуда бошад њам, зиёда аз 18 млн. га замин ба

Слайд 12Ошўбгарон зери шиори «мубориза зидди хавфи коммунистї» бархостанд. Ќушунњои њукуматї бо

ёрии милиса, ки њайати онро коргарон ва дењќонон ташикил медод, исёнро пахш намуданд.
Дар охири солњои 30-юм вобаста ба ислоњоти Карденас дар иќтисодиёти Мексика пешравињо ба амал омад. Соњањои саноати бофандагї, сохтмонї, хўрока ва савдои хориљї ривољ ёфт. Лекин пойбандї ба сармояи хориљї пурра барњам нахурда буд.
Дар интихоби 1 декабри соли 1940 намояндаи Карденас собиќ вазири корњои хориљї Авила Камачо президенти Мексика интихоб шуд.
Дар солњои њукумати ў ба иќтисодиёти Мексика сармояи ИМА сар даровард. Дар солњои љанги љањонии дуюм Мексика ба ИМА бештар наздик шуд. Моњи декабри соли 1941 Мексика муносибатњои худро бо кишварњои фашистї ќать карда, моњи май ба муќобили онњо љанг эълон кард. Моњи ноябри соли 1942 байни СССР ва Мексика муносибатњои дипломатї барќарор карда шуд. Мексика дар љанг ширкат накарда бошад њам, лекин дар ѓалаба бар фашизм бо фиристодани молу мањсулот ба кишварњои иттифоќчї наќши калон дошт.
Ошўбгарон зери шиори «мубориза зидди хавфи коммунистї» бархостанд. Ќушунњои њукуматї бо ёрии милиса, ки њайати онро коргарон

Что такое shareslide.ru?

Это сайт презентаций, где можно хранить и обмениваться своими презентациями, докладами, проектами, шаблонами в формате PowerPoint с другими пользователями. Мы помогаем школьникам, студентам, учителям, преподавателям хранить и обмениваться учебными материалами.


Для правообладателей

Яндекс.Метрика

Обратная связь

Email: Нажмите что бы посмотреть