Слайд 1Тањияи омўзгори фанни технологияи иттилоотї
Рўзиева Фароѓат
Вирусњои компютерї
Слайд 2Мундариља
Вирус чист?
Таърихи пайдоиш.
Хосиятњои он.
Намудњои он.
Слайд 3Вирус чист
“Вирусњо” барномањои махсус тартибдодашудаи зараррасони хаљман начандон
калоне мебошанд, ки ба раванди муќаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфї, ногањон) ба таркиби диску файлњои системавии компютер дохил мешаванд ва барномаю хуљљатњоро ќисман ё пурра несту хароб месозанд.
Слайд 4Таърихи пайдоиши вирус
Бояд ќайд кард,
ки вирусњои компютерї пеш аз компютерњои фардї вуљуд доштанд. Аввалин бор Љон фон Нейман ва Ноберт Винер асбоби математикиеро сохтанд, ки ин пањнкунандаи вирус, яъне ин асбоб худ вирус буд, ки соли 1940 дар бозору маѓоза ба фурўш баромад. Соли 1951 бошад, Љон фон Нейман боз ба сохтани чунин асбобњо шурўъ кард.
Слайд 5Таърихи пайдоиши вирус
Соли 1962 соњибкорон аз кампанияи амрикоии
BELL TELEPHONE LABORATORIES – В.А. Висотский, Г.Д. Макилрой ва Роберт Моррис бозї бо номи “Дарвин”-ро сохтанд. Ин бозї дар МЭЊ ноайён пайдо мешуд ва бо барномањои он раќобат мекард. Њангоме, ки ин бозї то ба охир мерасад, барномањои МЭЊ-ро пурра несту нобуд мекунад.
Слайд 6 Баъзењо мегўянд, ки аввалин бор калимаи “вирус”
барои барномањо Георг Бенфорд дар маќолаи худ «Одам дар доѓ», ки соли 1970 дар маљалаи “Venture” чоп шуда буд, ќайд кардааст.
Дигарон мегўянд, ки бори аввал вирусњои компютериро нависандаи фантастикї Т.Љ.Райн, дар яке аз китобњояш, ки соли 1977 дар ИМА ба табъ расида буд, эпидемияи вирусњои компютериро ќайд кардаст: “…Дар муддати кўтоњ вирусњо тавонистанд зиёда ба 7000 комютерњо зарари худро расонанд...”
Таърихи пайдоиши вирус
Слайд 7Таърихи пайдоиши вирус
1959 - дар IBM 650 вирусе пайдо шуд, ки
ќисми калимаро нест карда буд.
1986 - ихтирои вируси Brain, ки ба воситаи дискетањо аз як компютери фардї ба дигараш сироят мекард.
Моњи августи соли 1995 – дар ИМА ва наздикии Аврупои Љанубї вирусе ба назар расид, ки ў ќобилияти озодона ба дохили дилхоњ компютер доромадан ва њуљљатњое, ки дар шакли MS Word вуљуд доштанд, несту нобуд карданро дорад.
26-уми апрели соли 1999 – вирус бо номи «Чернобил» ё WIN 95.CIN пайдо шуд. Хосияти ин вирус дар он буд, ки MBR-и диски сахтро ва маълумотњои флешкортњои берамзро бе ягон душворї нобуд кунад.
Слайд 8Хосиятњои вирус
Яке аз хосиятњои асосии вирусњои компютерї аз он иборат аст,
ки онњо њангоми сирояткунї њар дафъа нусхаашонро афзун менамоянд ва ба таври махфї ба дохили таркиби файлњои дискњои компютерї ва махсусан ба секторњои боркунандаи (системавї) дискњояшон ворид мегарданд. Мањз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин барномањо ба онњо «вирус» ном гузошта шудааст.
Агар вирус аллакай дар хотираи компютер мављуд бошад, вай метавонад дар лањзаи дилхоњи барояш ќулай фаъол гардад ва компютерро ба иљрои њар гунна амалиёти барои истифодабарандагон номаълум маљбур созад.
Слайд 9Намудњои вирус
Аз руи дараљаи зарарасониашон вирусњо ба намудњои зерин људо мешаванд:
Вирусњои
бехатар.
Вирусњои дараљаи хатарнокиашон паст.
Вирусњои дараљаи хатарнокияшон миёна.
Вирусњои дараљаи хатарнокияшон баланд.
Слайд 10Вирусњои бехатар
Чунин вирусњо ба раванди кори компютер
таъсир нарасонида, танњо аз њисоби зудафзуншавиашон ќисми озоди хотираи дискро ишѓол менамоянд, ки ба сустшавии суръати кори компютер оварда мерасонад.
Слайд 11Вирусњои дараљаи хатарнокиашон
паст
Ин вирусњо низ
ба раванди кори компютер таъсир намерасонанд. Онњо ба экран њар гунна маълумотњои нолозим ва расму графикњои гуногунро бароварда ба асаби истифодабарандаи компютер мерасанд. Баъзеяшон садои мусиќї мебароранд, баъзеяшон функсияњои тугмањои клавиатураро таѓйир медињанд ва баъзеяшон компютерро хомўш мекунанд, вале онњо њуљљату информатсияро хароб намесозанд.
Слайд 12Вирусњои дараљаи хатарнокияшон
миёна
Ин намуди вирусњо сабабгори
бозисти ва кори нодурусти компютер ва барномањо шуда метавонанд. Онњо махсусан информатсияи дар дискњо мањфузбударо ќисман хароб месозанд. Аксарияташон файлњои ќисми иловагии номашон .com-бударо, ки дарозиашон 64000 байт аст, вайрон мекунанд.
Слайд 13Вирусњои дараљаи хатарнокияшон
баланд
Фаъолшавии чунин вирусњо ба
зуд-зуд аз кор баромадан ва нест шудани барномаю додашудањо, таѓйирёбї ё нестшавии файлу папкањо ва ѓайра оварда мерасонанд. Дар чунин њолатњо винчестер ё дигар дискњои компютерро аз нав тоза кардан лозим меояд.
Слайд 14Намудњои вирус
Аз рўи намуди объектњои сирояткунанда, муњит
ва мавќеи љойгиршавї вирусњоро ба намудњои зерин људо мекунанд.
Вирусњои файлї.
Вирусњои боркунанда.
Макро-вирусњо.
Вирусњои шабакавї.
Слайд 15Вирусњои файлї
Ин гурўњи вирусњо бо роњњои гуногун ба файлњои иљрошаванда (.exe
ё .com) дохил мешаванд ва њангоми ба кор андохтани онњо фаъол мегарданд. Баъди шурўи кори барномаи «сироятшуда» вирус ба хотираи фаврї мегузарад ва то итмоми кори компютер дигар файлњоро сироят кардан мегирад. Муњофизати профилактикии вирусњои файлї аз он иборат аст, ки аз истифодаи дискетањои шубњанок ё бо барномањои зиддивирусї (анти-вирус) тафтишнашуда даст кашидан лозим аст.
Слайд 16Вирусњои боркунанда
Ин намуди вирусњо нусхаи худро дар сектори боркунандаи (омодасозии кор)
диски системавї зиёд менамоянд. Њангоми аз диски вирусдор ба кор омода сохтани системаи оператсионї, вирусњо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусњои файлї рафтор мекунанд. Муњофизати профилактикї аз вирусњои боркунанда аз истифода набурдани дискетањои системавї иборат аст.
Слайд 17Макро-вирусњо
Ин намуди вирусњо файлњои хуљљатњои протсесори матнии MS Word ва китоби
љадвали электронии MS Excel-ро сироят мекунанд. Онњо њамчун макрокомандањо дар таркиби њуљљат љой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Баъди кушодани њуљљати сироятёфта, вирусњо дар хотираи компютер саёњат менамоянд ва дигар хуљљатњои кушодашударо низ сироят менамоянд. Хатари сироят танњо пас аз бастани њуљљат бартарафёфта њисобида мешавад. Муњофизати профилактикї аз макро-вирусњо танњо нест кардани онњост.
Слайд 18Вирусњои шабакавї
Ин намуди вирусњо ба воситаи шабакањои компютерї
пањн шуда метавонанд њамаи компютерњои бо онњо пайвастаро сироят кунанд. Чунин вирусњо бештар ба воситаи почтаи электронї ва шабакаи умумиља-њонии Интернет пањн карда мешаванд.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки аввалин вируси шабакавї 5-уми майи соли 2000 бо номи I Love You пайдо шудааст.
Слайд 19Адабиётњои истифодашуда:
Инфарматикаи татбиќї
Сомонањои интернетї:
maktab.tj
myshared.ru
sites.google.com
online-academy.ru
publika.md
kompcheb.ru
baltnews.lv